МАЪЛУМОТ ОИД БА КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ХУҶАНД

   Муасисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд” бо қарори муассис аз 05.08.2014 с.,№ 2 таъсис дода шудааст ва дар асоси фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.10.2014 с., дорои Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ таҳти АУ №0001726 гардид.
   Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ҳамқадами истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таи 5 сол аст, ки фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
    Муасисаи таълимӣ бо вуҷуди навтаъсис буданаш, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлатӣ дар соҳаи маориф тамоми нерӯи зеҳнии ҳайати омӯзгоронро равона намуда, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми муассисаи таълимӣ дар фазои ҷаҳонии таҳсилот саъю кӯшиш менамояд.
   Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ягона муассисаи таълимие мебошад, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи хизматрасонӣ ва хӯроки умумӣ тайёр менамояд.
    Аз рӯзҳои аввалин Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд тибқи низоми кредитии таҳсилот фаъолияти худро ба роҳ монда, аз рӯи 21 ихтисос довталаб қабул менамояд.
   Барномаҳои таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудаанд.
   Аввалин шуда байни муасисаҳои таълимии миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд аз рӯи ихтисосҳои зерин парки технологӣ таъсис дода шудааст:
1 Автосервис
2 Хӯроки умумӣ
3 Технологияи хизматрасонии меҳмонхонаҳо
4 Кори дандонсозӣ
5 Тарроҳӣ ва поракунии либос
6 Коркарди маҳсулоти растанипарварӣ
7 Барномарезӣ

   Ҳамкории байналмилалии Коллеҷ бо донишгоҳҳои Олмон, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон хеле зич ба роҳ монда шудааст:
1 Донишкадаи меъморӣ-сохтмонии Тошканд
2 Донишкадаи химикӣ-технологии Тошканд
3 Донишкада оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилии Тошканд
4 Донишкадаи тиббии Тошканд
5 Институти таълимӣ академии муосири ш. Москва
6 Донишгоҳи федералии Қрим ба номи В.И.Вернадский







Рӯйдоду чорабиниҳои рӯз