ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ ва ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНИҲО

   Кафедраи технологияи инноватсионӣ ва ташкили хизматрасониҳо соли 2018 ташкил шуда, то ҳол фаъолият намуда истодааст. Кафедраи мазкур яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии коллеҷ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода мекунад:
   2-27.01.36.26.-Иқтисодиёт ва ташкили хоҷагии меҳмонхонаҳо
   2-49.01.31.-Технологияи истеҳсоли хӯрока
   2-50.01.34.02.-Тарроҳӣ,поракунӣ ва технологияи либос
   2-74.02.06.-Истеҳсол, захира ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ
   Дар раванди таълим барои омӯзонидани сабақ ба донишҷӯён аз тарафи устодон усулҳои муосири донишандӯзӣ, технологияҳои нав ва пешқадам истифода карда мешаванд.
   Ҳайати устодону омӯзгорони кафедра аз 2 номзади илм, 3 омӯзгорони калон, 4 ассистентон ва устодони таҷрибаомӯзӣ иборат буда, онҳо иштироки фаъолона дар самтҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ доранд.
   Дар айни замон кафедра самаранок рушд ва инкишоф ёфта истодааст. Нақшаҳои корӣ ва ҳуҷҷатҳои методикии барномаҳои таълимӣ коркард ва тасдиқ карда шудаанд.
   Омӯзгори кафедра Раҳмонов Ф. Х. дар зинаи докторантура (Phd) таҳсили худро идома дода истодааст. Инчунин дигар омӯзгорони кафедра Аюбов А.Н., Муҳамадҷонов Т.О. ва Алиева М.А. дар зинаи магистратура таҳсили худро идома дода истодаанд ва солҳои наздиқ ба ҳимоя роҳ меёбанд.

Бойматов Т.Э
Мудири кафедра н.и.кишоварзӣ
Раҳмонов Ф.Х
Асистенти кафедра








Рӯйдоду чорабиниҳои рӯз