КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

   Кафедраи фанҳои гуманитарӣ соли 2015 таъсис ёфта, бо қарори Шӯрои омӯзгорони Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд № 1 аз 28.08.2018 ҳамчун кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ тағйири ном кардааст.
   Аз рӯзи таъсисёбиаш то ҳоло роҳбарии кафедраро омӯзгорони ботаҷриба ва устодони касби хеш Б. Розиқов, М.Ҳайдарова ва Г.Ҳомидова ба ӯҳда доштанд. Шурӯъ аз сентябри соли 2018 мудирии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои таърих, дотсент Ю.Бобоев вогузор карда шудааст.
   Кафедра бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ таъмин буда, дар он се нафар Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Рахматов, М.Мухторова ва Ю.Бобоев инчунин омӯзгорони соҳибтаҷриба М.Усмонова, М.Носиров, Ф.Шукурова ва Н.Раҳимова фаъолият доранд ва бо таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд.
   Номенклатураи фанҳои таълимии кафедра иборат аст аз - забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ (англисӣ), таърихи халқи тоҷик, ҳуқуқӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, этика ва эстетика, диншиносӣ, фалсафа, географияи Тоҷикистон ва асосҳои демографияи он, тарбияи ҷисмонӣ.
   Омӯзгорони кафедра бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғуланд. Дар назди кафедра бахшида ба Рӯзи илми тоҷик гузаронидани конфронси имлӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
   Барои баланд бардоштани сатҳи дониши илмӣ-назариявии аъзоён дар кафедра семинари илмӣ-назариявӣ амал мекунад, ки сарварии онро дотсент Ю.Бобоев бар ӯҳда дорад.
   Бо мақсади ҷалб кардани донишчӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедра маҳфилҳои илмии «Дӯстдорони таърих ва фарҳанги ниёгон», «Русский язык – язык мира и дружбы» ва «Ҳуқуқшинос» амал мекунанд.
   Дар самти корҳои тарбиявӣ вазифаи аввалиндараҷаи аъзоёни кафедра тарбиявӣ, таблиғи донишҳои ҷомеашиносӣ ва дар замири шогирдон парваридани ғояҳои инсондӯстӣ, ҷорӣ намудани самтҳои Консепсияи милли тарбия ба шумор меравад.

Бобоев Ю.А
Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
Раҳматов Ш.С
Сармуаллими кафедра
Усмонова М.Я
Сармуаллимаи кафедра
Раҳимова Н.Қ
Сармуаллимаи кафедра







Рӯйдоду чорабиниҳои рӯз