ШУЪБАИ  ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

   Шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҳамчун зерқисми сохтори алоҳида дар МТҒ “Коллеҷи техникии ш. Хуҷанд” фаъолият мекунад, ки он 28 декабри соли 2017 бо қарори №4 ташкил карда шудааст.
   Фаъолияти асосии шӯъбаи сифати таҳсилот назорат бурдан ва баҳо додани сатҳи донишандӯзии таълимии донишҷӯён, идора, назорат ва ташкили сифати таълим дар коллеҷ мебошад.
ШИСТ дар асоси Оинномаи коллеҷ, қарорҳои Шӯрои Олимон, фармонҳои директор ва низомномаи шӯъба фаъолият мебарад. ШИСТ аз тарафи сардори шӯъба идора карда мешавад.
   Мақсади асосии шӯъба коркард, бо ҳуҷҷатҳо асоснок кардан, ҷорӣ намудан ва нигоҳ доштани ҳолати амалии менеҷменти сифат дар коллеҷ мебошад.
   Дар коллеҷ аз рӯйи самтҳои зерин сифати таълим назорат карда мешавад:
Давраи корбарӣ

   Барои баҳо додан ба сифати дарси омӯзгор яке аз нишондиҳандаҳо натиҷаҳои пурсишнома ба фаъолияти омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ мебошад, ки ҳар сикл дар коллеҷ гузаронида мешавад. Пурсишномаҳо ба ҳар як гурӯҳ мувофиқи фанни азхудкардаи ҳар як донишҷӯ баъд аз ҷамъбаст ва супоридани имтиҳони маъмурии фан пешниҳод карда мешавад.
Дар коллеҷ пурсиш дар асоси “Низомнома оид ба анкетиронӣ” гузаронида мешавад.






Рӯйдоду чорабиниҳои рӯз