Хабархо

ТАФСИРИ МАҚОЛАИ “ТАШХИС, ПЕШГИРӢ, ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУС ВА ЭПИЗООТО-ЭПИДЕМИОЛОГИЯИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶА”

Сана:2020-04-17 19:50:04 Дида шуд:15
   Дар сомонаҳои интернетӣ як қадар маълумотҳои илмӣ, амалӣ ва назариявӣ дар бораи ташхис, пешгирӣ, табобати коронавирус ва эпизоото – эпидемиологияи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷа пешниҳод намуда будем ва мехостам ин навбат бо тафсири ин мақола шаҳрвандонро шинос созам.
   Хурсандиовар аст, ки аксарияти шаҳрвандон бо ин мақола шинос шудаанд, ба моҳият ва зарурияти пешниҳодҳои ирсолгардида ва аҳамияти он изҳори қаноатмандӣ доранд.
   Бояд зикр намуд, ки на ҳар як шахс имрӯз ҳамаи сироятҳо ва алалхусус, сирояти вирусиро медонад. Дар ин асос бо истифода аз надонистани маърифати сироятшиносии шаҳрвандони курраи замин ва дигар ҳолатҳо баъзе аз хадамотҳо ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷа мардумонро бо ҳар хел наворҳо ва гуфтаҳои беасос нисбати коронавирус ба ваҳму воҳима андохта истодаанд.
   Коронавирус чи хеле ки қайд намуда будем, бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот ба ҳисоб меравад ва дар байни тамоми ҳайвонот (чорвои калон ва хурд, саг, гурба, хук, моҳӣ, наҳанг ва ғайра), аксарияти паррандаҳо аз ҷумла, кӯршапарак( мушҳои парон) ба қайд гирифта шудааст.
   Чӣ тавре ки дар мақолаи қаблиамон оиди эпизоотия, панзоотия, эпидемия ва пандемияи ин беморӣ қайд намуда будем, сабаби асосии бо пандемияи коронавирус ба ваҳму воҳима андохтани мардуми курраи замин, ин пеш аз ҳама ба таври лозима ба роҳ монда нашудани ташхиси ин беморӣ ё вирускашонии (вирусоносительство) одамон ва дар ин асос мавҷуд набудани омӯзиши эпидемияи ин беморӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин гуфтаҳо ва мавҷуд будани баъзе ахборотҳо дар зардоби хуни одамон мавҷудияти подтанҳо (антитело) муқобили коронавирус муқаррар карда мешавад ва тасдиқ шудааст, гӯён нишон дода будем. Бо истифода аз ин ҳолат, яъне мавҷуд набудани омӯзиши эпидемиологияи паҳншавии коронавируси одам (ташхиси серологии хун ба подтанҳо), баъзе аз сиёсатмадорон, хадамотҳои марказии таҳқиқи баъзе давлатҳои хориҷа ҳар як ҳолатҳои пайдо шудани ҳарорати баланди одам бо илтиҳоби шушро ҳамчун беморӣ аз коронавирус ва фавт аз коронавирус арзёбӣ карда истодаанд. Дар асл бошад, сабабҳои(этиологияи) бемориҳои респираторӣ (роҳи нафас) хело бисёранд: грипп(зуком), ОРВ, парагрипп, риновирус, боковирус, метопневмовирус, аденовирус, бемориҳои барангезандаашон микробҳо аз ҷумла пневмококкҳо ва ғайра, ки сабабгори илтиҳоби шуш ва фавти одам шуда метавонанд.
   Бинобар ин, дар мақолаи қаблӣ нишон дода шуда буд, ки ҳангоми ҷараёни бадсифати беморӣ, ки бо микрофлораи дигар мураккаб гардидааст, ҳолати коматозӣ сар шавад, фавт ба амал меояд. Микрофлораи дигар бошад, ин микробҳо, алалхусус микробҳои роҳи нафас, аз ҷумлаи пневмококкҳо ва ғайра мебошанд. Дар ин асос истифодабарии антибиотикҳо барои нобут кардани микрофлораи сониявӣ ҳамчун табобати комплексӣ тавсия дода шуда буд.
   Чӣ тавре ки қаблан қайд карда будем, коронавирус бештар дар давраи зимистону баҳор ба қайд гирифта мешавад, ки сабаби ин аз ҳама пеш дар ҳамин давра паст шудани масуниятнокии одамону ҳайвонот ба ҳисоб меравад.
   Мақсади асосии пешниҳоди мақола ба сомонаҳои интернетӣ ва нашрияҳои даврӣ аз он иборат буд, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва алалхусус эпидемиологҳо ин мақоларо ҳаматарафа мутолиа кунанд, хулосаи даркорӣ бароранд ва дар асоси ин хулосаҳо минбаъд корбарӣ намуда, дар байни мардум он ваҳму воҳимае, ки нисбати ин беморӣ пайдо шудааст, беасосии онро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монанд.
   Дар байни мардум пурзӯр кардани ташфиқоти гигиенаи шахсӣ ва риоя кардани қоидаҳои санитарӣ(беҳдоштӣ) дуруст аст, локин ин қоидаҳо барои тамоми бемориҳои сироятӣ умумӣ буда, ин корҳо мебоист мунтазам гузаронида шаванд.
   Пӯшидани ниқоб низ тартиб ва меъёрҳои худашро дорад. Ниқоб шахсро аз вирусҳо ба пуррагӣ муҳофизат намекунад. Вирусҳо ин организмҳои майдатарин ба ҳисоб рафта, ҳатто аз филтрҳои барои бактерияҳо муқарраршуда мегузаранд. Ниқоб бошад, асосан аз микробу бактериҳо муҳофизат мекунад, бинобар ин духтурон пӯшидани ниқобро асосан барои беморон тавсия медиҳанд ва ниқоб бояд ҳар 2-3 соат иваз карда шавад.
   Пайдоиши беморӣ дар Ҷумҳурии ЧИН ин як мактаби омӯзишӣ барои омодагии мо барои мубориза бар муқобили бемориҳои сироятӣ буд. Чӣ тавре ки вақт нишон дод, соҳаи тандурустӣ ба ин ҳолат омодагии ҳаматарафа надошт. Аз рӯзи аввали пайдоиши беморӣ дар Ҷумҳурии Чин мо фақат дар фурудгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои воридотӣ шаҳрвандони аз хориҷи давлат омадаро аз санҷиши ҳарорати бадан мегузаронидем ва бе ҳеҷ як карантини 14 рӯза (ҳоло ташкил шудааст) агар ҳарорати бадан надошта бошанд барои ба хона рафтан иҷозат медодем. Мо ҳатто барои шахсони дар карантин қарордошта маводҳои ташхисӣ (тест) надоштем. Чунончӣ дар мақола омада буд, ҳайвонот ва одамони сариран солим метавонанд интиқолдиҳандаи вирус бошанд ва вирусро дар давоми 3 моҳ ҷудо намоянд. Бинобар ин, карантини 14- рӯза, ки бе ташхиси шахсони ба бемории коронавирус шубҳанок гузошта шудааст нокифоя буда, ҳамаи шахсони ба бемории коронавирус шубҳанок мувофиқи тартиби ташхиси ретроспективӣ бо истифодаи зардобҳои ҷуфти хун аз рӯи ошкорнамоии чоркаратаи афзоиши меъёри подтанҳо (антитело) дар аксуламалҳои серологӣ дар давраи карантин ба амал бароварда мешуданд.Аз ин рӯ, гузаронидани ташхиси дақиқи ҳаматарафа барои муайянкунии беморӣ ва минбаъда табобату пешгирии он роли муҳимро мебозад.
   Дақиқии ташхис ин аллакай кафолати 50% табобат мебошад. Бо ин мақсад дар мақола якчанд усулҳои ташхиси коронавирус оварда шуда буданд, ки соҳаи тандурустӣ минбаъд аз онҳо истифода баранд ва дар ин асос табобату пешгирии ин бемориро дуруст ба роҳ монанд. Барои бемориҳои сироятӣ ва алалхусус бемориҳои барангезандаашон вируси масъуният ва пешгирии махсус роли муҳимро мебозад. Антибиотикҳо ба вирусҳо ягон таъсири сидӣ(маҳв кардани вирус) ё статикӣ(боздоштани инкишофи вирус) намерасонанд. Бинобар инкишоф ёфтани вирусҳо дар дохили ҳуҷайраҳо истифодабарии моддаҳои кимиёвӣ барои маҳв кардани вирусҳо дар дохили ҳуҷайраи зинда ғайриимкон аст. Истифода аз ҳолатҳои эълон шудани пандемияи коронавирус, баъзе аз олимони Академияи илмҳо- шогирдони Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сомонаҳо ва ВАО изҳор доранд, ки гӯё онҳо табобати бемории коронавируси КОVID-19-ро бо истифодаи ионҳои нуқра дарёфт карда бошанд.
   Дар ҳолате ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории коронавируси КОVID-19 ба қайд гирифта нашудааст ё худ ин штамми коронавируси КОVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест ва мо ин рӯз қудрати парвариш ва нигоҳдории вирусҳоро дар ҳуҷайраҳои зинда надорем ва ҳатто ин штамми коронавируси КОVID-19-ро надидаем, ин изҳороти олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон оиди аз тарафи онҳо дарёфт карда шудани табобати коронавируси КОVID-19 ягон асоси кофӣ надорад.
   Дар тамоми дунё имрӯз олимон ба дарёфти препаратҳои биологӣ, аз ҷумлаи ваксинаю зардобҳо, интерферонҳо барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол ва ғайрифаъоли инсон бар муқобили коронавируси КОVID-19 машғуланд. Гарчанде ки омода намудани ваксина(барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол) бар муқобили коронавируси КОVID-19 вақти зиёдро талаб мекунад, имрӯз зарур аст, ки барои табобат ва пешгирӣ, барои баланд бардоштани масуниятнокии ғайрифаъол он усулҳои кӯҳна(истифодабарии зардобҳои хуни одамони бемории коронавируси КОVID-19-ро аз сар гузаронида табобат ёфтаанд), ки давлатҳои пешрафта барои табобат ва пешгирии коронавирус истифода мебаранд ва натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, ҳамчун дастурамали беҳтарини табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавируси КОVID-19 истифода барем . Дар ин асос зарур аст, ки соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат ва пешгирии бемории коронавируси КОVID-19 ҳар чӣ бештар хуни реконваленсентӣ, яъне плазмаи хунро аз шахсони ба беморӣ гирифтор шуда, табобатёфта, ки дар зардоби хунашон подтанҳо(антитело) бар муқобили коронавируси КОVID-19 доранд, ҷамъоварӣ ва захира намоянд.
   Аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар тамоми миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус эълон карда шудааст. Ҳол он, ки барои эълон кардани эпидемия 5% аҳолӣ гирифтори беморӣ бошанд. Пас барои чӣ гирифтори бемории зуком (грипп) нисбат ба коронавирус садҳо маротиба зиёд ва фавти одам аз ин беморӣ низ даҳҳо, садҳо маротиба зиёд бошад ҳам, на эпидемия ва на пандемияи зуком эълон карда намешавад?
   Ҳамасола аз зуком, бемории сил, саратон, илтиҳоби шуш ва ғайра даҳҳо-садҳо маротиба фавти зиёди одамон дида мешавад, ки инро нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои оморӣ тасдиқ мекунанд. Дар ҳамин асосҳо боз як бор такрор мекунем, ки он ваҳму воҳимаҳое, ки дар байни мардум оиди бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надоранд.
   КАРИМОВ МУХТОР ШАРИФОВИЧ - номзади илмҳои биологӣ
   КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ХУҶАНД
 Коллеҷ Коллеҷ






Рӯйдоду чорабиниҳои рӯз