Хабархо

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ ВА 700-СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Сана:2020-04-20 20:52:19 Дида шуд:13
   Санаи 17-уми апрел дар коллеҷ бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ Конференсияи илмӣ- амалӣ баргузор гардид.
    Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия Сафар Эркаев – н.и.т., дотсенти кафедраи Таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шоира Олимова- ходими илмии Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ “, Гулчеҳра Исҳоқова ва Заррина Исҳоқова – фарзандони нахусткашшофи Саразм профессор Абдуллоҷон Исҳоқов иштирок ва маърӯза намуданд.
    Гулчеҳра Исҳоқова ва Заррина Исҳоқова аз китобхонаи падарашон, Шоира Олимова бошад аз хазинаи МД "Марказаи илмии Камоли Хуҷандӣ" ба китобхонаи коллеҷ китобҳо тӯҳфа намуданд.
   Дар охир донишҷӯёни коллеҷ ғазали "Ёр гуфт аз ғайри мо пӯшон назар"- и Камоли Хуҷандиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ қироат карданд.
   Пас аз нисфирӯзӣ ҷаласаи бахши технологияи муосир ва низоми ҳисоббарор, бахши технологияи инноватсионӣ ва ташкили хизматрасониҳо ва бахши фанҳои ҷомеашиносӣ баргузор гардиданд. Дар маҷмӯъ 17 маърӯзаи илмӣ шунида шуд. Дар Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ҳафтаи илм, ки ба рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, идома дорад.
пешгирӣ пешгирӣ пешгирӣ пешгирӣ






Рӯйдоду чорабиниҳои рӯз