Хабархо

ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ХУҶАНД ҲАФТАИ ИЛМ ИДОМА ДОРАД

Сана:2020-04-22 20:26:01 Дида шуд:6
   Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ҳафтаи илм идома дорад. Кафедраи технологияи муосир ва низоми ҳисоббарор низ ин иқдомро пазируфта, бо роҳбарии профессор, д.и.б Муҳиддинов А, 6 маърӯзаи илмии омӯзгорон ва олимони ҷавонро шуниданд. Мақсад аз гузаронидани конфронс ташаккули ҷаҳонбинии техникии омӯзгорон ва такмилу пешбурди илм мебошад.
   Абдураҳмонов А.Ҳ сармуаллими кафедраи ТМ ва НҲ оид ба коркарди воситаи барномавӣ ва барноманависӣ ба таҷҳизоти мобилӣ дар платформаи Android қайд намуда гуфт:
   Android системаи оператсионии маъмултарини амалиётӣ аз ширкати Google аст. Онро асосан дар планшетҳо, смартфонҳо, соатҳои доно, медиа плеерҳо ва дигар таҷҳизотҳои асосан мобилӣ истифода мебаранд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳоло дар соҳаи коркарди системаи Android IT соҳаи ТИК рушд карда истодааст. Барои дар ин платформа барнома навиштан, бисёртар аз муҳити Eclipse ва Android Studio истифода мебаранд.
пешгирӣ пешгирӣ пешгирӣ пешгирӣ






Рӯйдоду чорабиниҳои рӯз